Трамп дар СММ хост, Чинро барои коронавирус ба ҷавобгарӣ бикашанд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар 75-умин Маҷмаи умумии СММ Чинро ба паҳн кардани коронавирус ва риоя накардани созишномаҳои байналмилалӣ айбдор кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, Амрико терроризми байналмилалиро шикаст медиҳад.

Трамп бори дигар коронавирусро "вируси чинӣ" номид. Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки Чинро барои паҳн кардани ин вабо ба ҷавобгарӣ бикашанд. Ба гуфтаи ӯ, Чин дар рӯзҳои аввали паҳн шудани беморӣ аз бастани марзҳои худ даст кашида, иҷозат дод, ки он паҳн шавад.

Намояндаи Чин, ки пас аз президенти ИМА суханронӣ кард, тамоми ин айбҳоро "комилан беасос" номид.

Президент Трамп ҳамчунин Созмони ҷаҳонии тандурустиро (СҶТ) дар бесалоҳиятӣ айбдор карда, гуфт, он ба нафъи Чин кор мекунад. СҶТ гӯё аз аввал аҳамияти коронавирусро кам нишон дода, дар бораи он маълумоти нодуруст пешниҳод кардааст. ИМА баҳори соли 2020 аз созмон хориҷ шуда, гуфт, сармоягузории онро қатъ мекунад.

Трамп хабар дод, ки се ваксинаи амрикоӣ аллакай дар марҳалаи озмоиши клиникӣ қарор доранд ва рӯзҳои наздик ба фурӯш мебароянд. Вале санаи дақиқеро ном нагирифт.

Ӯ Чинро ба нодида гирифтани созишномаи байналмилалии иқлими Порис низ айбдор карда, гуфт, ҳаҷми партовҳои ин кишвар ба обу ҳаво афзоиш ёфтааст.