Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ки ба кӣ ва ё чӣ бештар шубҳа кунанд

Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон феҳристи амалиёти шубҳаовари молиявӣ ва ё доду гирифти амвол таҳия шуд. Ин санад “Феҳристи аломатҳои аҳд ва амалиёти шубҳанок” ном дорад, ки бо қарори Бонки Миллии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва рӯзи 22-юми сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Минбаъд бонкҳо, ташкилоти қарздиҳӣ, ширкатҳои суғурта, лото, тотализаторҳо (ширкатҳои шартгузорӣ) ва нотариусҳо ҳангоми анҷом додани амалиёти молиявӣ, хариду фурӯши амволи ғайриманқул, сангу металҳои гаронбаҳо рафтори муштариёнро бояд аз рӯйи ин феҳрист назорат кунанд.

Агар дар рафтори муштарӣ яке аз ҳолатҳое, ки дар феҳрист зикр шудааст, зоҳир шавад, ширкат ва ё соҳибкор уҳдадор мешавад аз фаъолияти шубҳаовар ба мақомот хабар диҳад.

Дар муқаддимаи феҳрист гуфта мешавад, ҳадаф аз таҳияи санад пешгирӣ аз расмикунонии маблағҳои аз роҳи ҷиноят ба дастомада, маблағгузории терроризм ва паҳншавии силоҳи қатли ом аст.

Дар феҳрист як зумра ҳолатҳое ном бурда шудаанд, ки дар сурати зоҳир шудани он амалиёт шубҳаовар эътироф мешавад. Аз ҷумла:

“нигаронӣ ва безобитагии ғайриоддии аз ҳад зиёди муштарӣ ҳангоми аз ӯ талаб кардани маълумоти махфӣ;

муштарӣ аҳдҳои бисёр анҷом медиҳад, аммо фаҳмост, ки соҳиби чунин маблағи калон будани вай имконнопазир аст;

муштарӣ пешниҳод мекунад, ки аҳд бо қурби асъори хориҷӣ, ки аз қурби муқарраршуда фоидаи камтар дорад, анҷом дода шавад;

қабул ва барои инкасса фиристодани асъори нақди хориҷӣ, ки ифлосии шубҳанок дорад…”

Дар ин феҳрист аломати амалиёти шубҳаовар барои бонкҳо, ширкатҳои суғурта, лото, тотализаторҳо ва нотариусҳо дарҷ шудааст ва дар маҷмуъ беш аз 700 номгӯ аст.