USAID гуфт, 300 000 нафарро дар Тоҷикистон бо оби пок таъмин мекунад

Бархе сокинони Тоҷикистон бо хару ароба аз масофаи дур оби ошомиданӣ меоранд

Як муассиаи имдодии Амрико эълон кард, ки ба иҷрои барномаи 12 миллион долларӣ барои таъмини мардуми деҳот бо оби пок дар Тоҷикистон оғоз мекунад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳадафи барномаи Оҷонси Амрико Барои Рушди Байналмилалӣ, ки дар муддати 5 сол иҷро мешавад, таъмини дастрасии камаш, 300 ҳазор нафар аз сокинони деҳот ва маҳаллаҳои наздишаҳрӣ ба оби пок аст.

Дар баёния омадааст, ки “дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошти муносиб ва мудирияти муносиби захираҳои об, ба роҳи як кишвар ба самти субот, шукуфоии иқтисодӣ ва раҳоӣ аз пойбандӣ таъсири фавқуллода мегузорад.”

Тоҷикистон, аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба эътирофи мақомоти масъул, наздики 40 дар сади сокинонаш ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ҳукумати Тоҷикистон чанд солро низ "Соли оби тоза" эълон намуд, ки ҳадафаш таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ буд. Соли гузашта Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ҳарчӣ зудтар вазъи дастрасӣ ба оби покро барои сокинон беҳтар намояд.

Ӯ ин гузоришашро пас аз панҷ соли сафар ба Тоҷикистон нашр кард. Дар гузориш таъкид мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи сокинон ба дастрасӣ ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бар асоси қонунҳои байналмилалӣ бояд корҳои бештаре анҷом диҳад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар даҳ соли ахир сокинони даҳҳо деҳоти дурдаст бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд.