Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 34-соларо барои бадрафторӣ бо чанд ноболиғ ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора рӯзи 15-уми сентябр дафтари матбуоти Додгоҳ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Вадим Ивакин шаҳрванди Тоҷикистон аст ва маълумоти олӣ дорад. Ӯро бар асоси моддаи "ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ" гунаҳкор шинохтаанд. Маълум нест, худи ӯ дар додгоҳ ин иттиҳомро пазируфтааст, ё не. Вале аз рӯйи хабари Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои бозбинии ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст. Додгоҳи пойтахт рӯзи 2-юми сентябр ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро бетағйир гузоштааст. Вадим Ивакин давраи ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо хоҳад кард. Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар робита ба таҷовузи духтари чаҳорсола дар Турсунзода ду нафар дастгир шуд. ВИДЕО