Рӯзи 16-уми сентябр ҳавопаймоҳои низомии Исроил дар Навори Ғазза ҷангиёнеро ҳадаф қарор доданд, ки қаблан аз қаламрави Фаластин ба як шаҳри соҳилии исроилӣ мушак партоб карда, сабаби маҷрӯҳ шудани ду нафар шуданд. Ҳамлаи ҷавобӣ дар лаҳзаҳое рух дод, ки Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн дар Вашингтон созишҳои муҳиме дар заминаи барқарории равобити дипломатӣ бо Исроил имзо карданд. Ҳавопаймои исроилӣ ду макон, аз ҷумла як пойгоҳи тамринии ҷангиёни Ҳамосро, ки Ғаззаро назорат мекунад, ҳадаф қарор дод. То ҳол ҳеҷ иттилое дар заминаи хисороти эҳтимолӣ дар даст нест. Чанд соат пеш аз ин дар ҷараёни маросими имзогузорӣ ҷангҷӯёни фаластинӣ дар Ғазза ба шаҳри соҳилии Ашдод мушаке партоб карданд ва дар ин ҳодиса ду нафар маҷрӯҳ шуд. Низомиёни исроилӣ ҳамлаи ҷавобии ҳавоиро то ҳол тасдиқ накардаанд. Манобеи амниятии фаластинӣ ин ҳамларо тасдиқ карданд. Назари фаластиниҳо ин аст, ки созиши рӯзи 15-уми сентябр бо ташаббуси ИМА имзошуда хиёнат аст. Ин созишҳо низои Исроилу Фаластинро, ки даҳсолаҳо давом дошт, фаро намегиранд. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ки созишҳои нав “паёмбари фурӯғи сулҳи нав аст”. бар асоси тавофуқҳои нав, кишварҳои имзогузор Исроилро ба унвони давлат эътироф мекунанд.