Дар як кони ангишт дар Норини Қирғизистон лағзиши замин рух дод

Лағзиши замин дар вилояти Норин. 14 сентябр, 2020.

Дар кони ангишти Қара-Кечеи вилояти Норини Қирғизистон лағзиши замин ё ярч ба амал омад. Ба иттилои пешакӣ, ҳаҷми ярч як миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Дар бораи хисороти ҷонии он ҳанӯз иттилое нарасидааст.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ярч дар 37-километрии роҳи мошингарди Дийкан-Қара-Кече фаромадааст. Ярч ҷараёни шохоби дарёи Қара-Кече ва роҳи мошингардро баста, хатҳои барқро тахриб кардааст.

Бартарафсозии оқибатҳои ярч шуруъ шудааст.

Қара-Кече яке аз бузургтарин конҳои ангишти Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Захираи ангишти он кон 400 млн тонна баровард мешавад. Бо ангишти кони мазкур шаҳри Бишкек, вилоятҳои Чуй, Таласс, Ҷалолобод ва Норинро таъмин мекунанд.

Қирғизистон солона ҳадди ақал ба 2,5 млн тонна ангишт эҳтиёҷ дорад.