Гирдиҳамоӣ дар Қазоқистон бо талаби раҳоии зиндониёни сиёсӣ

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон наздики 200 тан аз сокинон бо талаби озодии зиндониёни сиёсӣ ва манъи фурӯши замин ба хориҷиҳо гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Гирдиҳамоии рӯзи 13 сентябр дар чанде аз шаҳрҳои дигари Қазоқистон низ баргузор шуд.

Гирдиҳамомадагон ҳамзамон бахшиши қарзҳои бонкиро талаб карданд. Юрий Маленких, яке аз фаъолони шаҳрвандӣ гуфт, вабои коронавирус нишон дод, ки Қазоқистон мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта, солҳои сол ҳал нашудаанд.

Гирдиҳамомадагон аз мақомоти кишварашон талаб карданд, ки монеи "ғасбкориҳои Чин" шаванд. Моҳи сентябри соли гузашта низ дар ҷараёни эътирозҳои мардумӣ бархеҳо талаби даст кашидан аз бунёди корхонаҳои муштарак бо Чинро карда буданд. Дар солҳои охир Чин аз Қазоқистон бештар маҳсулоти хом харидорӣ мекунад. Ин ҳамкорӣ иддае аз сокинони Қазоқистонро норозӣ кардааст.