Мария Колесникова, як раҳбари мухолифони Беларус гуфтааст, ки замони боздошту талоши ихроҷи ӯ аз кишвар, мақомот ба сараш халта андохта таҳдиди марг карданд. Дар ин бора вакили дифои ӯ рӯзи 10-уми сентябр ба вебсайти хабарии Tut.by хабар дод. Вакили дифоъ Людмила Казак гуфт, ки Колесникова дар ин замина изҳороте дода, дар фикри ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодисаҳо, аз ҷумла КГБ-и Беларус мебошад. Колесникова ва ду ҳамкори дигараш рӯзи 7-уми сентябр аз ҷониби мардони ниқобпӯш аз кӯчае дар Минск рабуда шуд. Ин се нафар рӯзи 8-уми сентябр ба марзи Украина бурда шуданд ва мақомот ба онҳо гуфтанд, ки вориди хоки кишвари ҳамсоя шаванд. Дар марзи ду кишвар Колесникова шиносномаашро пора-пора кард ва нагузошт, ки мақомот ӯро ихроҷ кунанд. Колесникова як узви муҳими нирӯҳои мухолифин ва пешвои эътирозҳо аст, ки дар фикри аз мақом барканор шудани президент Александр Лукашенко мебошанд.