Лукашенко гуфтааст, шояд воқеан ҳам ӯ дар курсии президентӣ “каме бештар” нишастааст

Матбуоти русӣ хабар дод, ки рӯзи 8-уми сентябр президенти Беларус Александр Лукашенко ба саволҳои телевизионҳои русӣ посух дод

Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфтааст, шояд воқеан ҳам ӯ дар курсии президентӣ “каме бештар” нишастааст. Ин изҳороти ӯ дар сӯҳбат бо телевизионҳо Русия рӯзи 8-уми сентябр дар ҳоле буд, ки як шабонарӯз нопадид шудани се узви аршади мухолифин мояи интиқодҳои бисёрҷониба шуд. Марзбонҳои Беларус гуфтанд, ки Мария Колесниковаро дар марз бо Украина боздошт карданд, ин дар ҳолест, ки субҳи 7-уми сентябр хабарҳо дар бораи аз ҷониби афроди ношиносе савори мошин рабуда шудани Колесникова расонаӣ шуд. Муовини вазири умури дохилии Украина гуфт, ҳодисае, ки бо Колесникова дар марз гузашт, талоши “ихроҷи маҷбурӣ” бо ҳадафи заъиф кардани мухолифони Беларус буд. Мария Колесникова, Антон Родненков ва Иван Кравсов субҳи соати 5-и рӯзи сешанбе дар дохили як мошин ба назди гузаргоҳи марзии Александровкаи воқеъ дар вилояти Гомел расиданд. Антон Бичковский, намояндаи Кумитаи давлатии марзбонии Беларус дар оғоз гуфт, ки ин се нафар кишварро тарк карданд. Вале телевизиони давлатӣ баъдан дар нақли қавл аз Бичковский гуфт, ки Колесникова боздошт шуд ва ду нафари дигар тавонистанд ба хоки Украина ворид шаванд. Ҳарсеи онҳо дар Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон шахсиятҳои калидӣ ҳастанд. Ин Шӯро президент Александр Лукашенкоро дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август гунаҳгор карда, талош мекунад Лукашенкоро водор бикунад, ки аз роҳи сулҳомез қудратро интиқол бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол, матбуоти русӣ бо такя ба Лукашенко навишт, ки ӯ аз мақом рафтанӣ нест. Вале ӯ дар мусоҳибааш ба телевизионҳои Русия эътироф кардааст, ки муддати хеле зиёд дар қудрат боқӣ мондааст. “Бале, шояд ман каме зиёдтар истодам”, гуфтааст ӯ. Ӯ гуфтааст, ки интихоботи нав баъди ислоҳоти конститутсионӣ барпо мешавад, вале мухолифон инро як тактика ё шеваи таъхир дар вокуниш ба эътирози мардум номидааст.

Дар изҳороте Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки гуфт, режими Беларус аз роҳи одамрабоиву таҳдид талош мекунад пеши роҳи эътирозҳои мардумии чор ҳафтаи охирро бигирад. Дар ин муддат ҳазорҳо эътирозгар боздошт, журналистон таҳдиду озор ва ронда шуда, наворҳои видеоӣ дар бораи ваҳшонияти нирӯҳои интизомӣ дар нисбати боздоштшудаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Раҳбарии мухолифонро Светлана Тихановская ба ӯҳда дорад, ки дар интихобот ӯро мағлуб эълон карданд ва ӯ маҷбур шуд баъди чанд рӯзи интихобот ба Литва биравад. Рӯзи 8-уми сентябр Тихановская дар кумитаи умури сиёсиву демократияи Маҷмааи умумии парлумони Аврупо гуфт, ки бояд нисбати мақомоти Беларус таҳрим ҷорӣ шавад. Инчунин ҳафтаи ҷорӣ ӯ қарор аст дар Варшава бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯе анҷом диҳад. Лукашенко, ки то ҳол панҷ мӯҳлати президентӣ кор кардааст, муколама бо мухолифон ва даъвати интихоботи навро рад кардааст.