Департаменти давлатии ИМА аз мақомоти Узбекистон даъват кард, ки айбҳои нисбат ба рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоев эъломшударо шарҳ диҳанд.
"Мақомоти Қирғизистон дар асоси айбҳои мубҳаму беасос Абдуллоевро ба Узбекистон истирдод карданд. Ҳарчанд Абдуллоевро баъди истирдод ба Узбекистон шартан озод карданд, аммо вазъи ҳуқуқии вай айни замон норушан аст", - омадааст дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА.
Дар ҳамин ҳол, Департаменти давлатии Амрико аз мақомоти Узбекистон хостааст, ки айбҳои эъломшуда нисбат ба Абдуллоевро шарҳ ва ба вай иҷозаи рафту омади озодро диҳанд.
Мақомоти Амрико ҳамзамон аз шиканҷа шудани Абдуллоев дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардаанд.
"ИМА аз шиканҷа шудани Абдуллоев дар маҳбаси КДАМ-и Қирғизистон ва истирдоди вай ба Узбекистон нигарон аст. Дар истирдоди Абдуллоев Қирғизистон аз масъулиятҳои байналхалқиаш дар бораи таслим накардани рӯзноманигорон ба мақомоти кишварҳояшон сарфи назар кардааст", - омадааст дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА.
Рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев зимистони имсол бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои як давраи омӯзишӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон рафта буд. Аммо ба далели паҳншавии вабои коронавирус вай натавонист, ки Қирғизистонро тарк ва ба Аврупо баргардад.
Мақомоти махсуси Қирғизистон Абдуллоевро рӯзи 9 август боздошт ва баъди ду ҳафта ба Узбекистон истирдод карданд.
Ба иттилои вакилони мудофеи Абдуллоев, мақомоти Узбекистон нисбат ба вай бо моддаҳои "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айб эълом кардаанд.