Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон як гузаргоҳ боз шуд

Яке аз гузаргоҳҳои марзӣ миёни Қирғизистон ва Қазоқистон.

Гузаргоҳи "Каркира-автодорожний" дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон аз 7 сентябр дубора фаъолиятро оғоз кард. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод.

Гузаргоҳ аз соати 08:00 то 18:00 фаъолият карда, тавассути он шаҳрвандону воситаҳои нақлиёт метавонанд, убур кунанд ва ба интиқоли молу ҳайвон низ иҷозат дода шудааст.

Дар гузаргоҳи марзии "Каркира-автодорожний", ки дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон воқеъ аст, иҷозати гузар тавассути раводид (виза)-и электронӣ дода намешавад.

Фаъолияти ин гузаргоҳ аз соли 2020 дар чаҳор фасли сол ба роҳ монда шудааст.