Як сокини 30 солаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки дар як коргоҳи оҳакпазӣ кор мекардааст, зери сангҳои тафсон монда, ҷароҳат бардоштааст.
Сафар Остонақулов, раиси ҷамоати “Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса шоми 4-уми сентябр рӯх додааст.
Ӯ гуфт, ки “сокини деҳаи Меҳнатобод ҳангоми оҳакпазӣ пояш лағжидааст ва сангҳои тафсон болояш афтодаанд”.
“Ҳоло аҳволаш хуб аст ва ба худ омадааст. Каме пойҳояш сӯхтааст ва дар беморхона бистарӣ аст”,-гуфт ӯ.
Танӯрҳо ё хумдонҳои оҳакпазӣ дар Хуросон 50 сол пеш дар мавзеи кӯҳҳое, ки аз он ҷо санги сафед барои оҳак ҷаъмоварӣ мешавад, ба истифода дода шудаанд. Дар чанд соли ахир аз 60 танӯри оҳакпазӣ дар даврони Шӯравӣ 30-тояш кор мекунанд.
Қаблан, сокинон аз дуди ин хумдонҳо шикоят карда буданд, ки бо дуди ғализ ҳавои атрофро олуда мекунанд.