Русия дахолат ба умури Либияро рад кард

Нирӯҳои тобеи Ҳафтар боздоштшудаҳоро ба мошин менишонанд. Моҳи маи соли 2020

Як масъули аршади умури Либия дар СММ гуфт, ки пуштибонҳои хориҷии рақибони ҳукумати ин кишвар эмбаргои байналмилалии таъмини силоҳро нақз карда, онҳоро бо аслиҳа таъмин мекунанд. Фиристодаи муваққатии СММ барои Либия Стефани Уилямс рӯзи 2 сентябр дар Шӯрои амният гуфт, ки ин амалҳо истиқлолият ва тамомияти арзии Либияро нақз карда эмбаргои СММ оид ба таъмини силоҳро вайрон мекунад. Уилямс гуфт, ки баъди охирин ҷаласаи Шӯрои амният таҳти раҳбарии дабири кулли СММ Антонио Гутерреш дар таърихи 8-уми июл, тахминан 70 ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои шарқи Либия поин омада, инчунин се киштии карго барои раҳбари шӯришиён Халифа Ҳафтар силоҳ бурдаанд. Ба иттилои ӯ, ба пуштибонии ҳукумати аз ҷониби СММ эътирофшудаи созиши миллӣ дар Триполӣ ҳудудан 30 ҳавопаймо фиристода шудааст. Ӯ гуфт, ки СММ иттилои зиёде дарёфт мекунад, ки тоҷирону миёнаравҳои хориҷӣ дар кишвар ҳузури густарда доранд. Русия ба артиши миллии худсохтаи Халифа Ҳафтар, ки дар шарқи кишвар ҷойгир аст, мусоидат мекунад. Вале фиристодаи Русия дар СММ Василий Небезня ҳама гуна мудохилаи Русия ба умури Либияро рад кардааст.