AI Эронро дар поймолкунини ҳуқуқи эътирозгарон гунаҳкор кард

16 ноябри соли 2019, Кирмон

Созмони Amnesty International (Афви байнулмилал) Эронро дар “як қатор ҳодисаҳои такондиҳандаи поймолкунандаи ҳуқуқи инсон” гунаҳгор кард, ки нисбати мардуми баъди эътирозҳои ноябри соли 2019 боздоштшуда, аз ҷумла кӯдакони 10-сола раво дидааст. Эътирозҳо бо сабаби ногаҳон боло рафтани қимати гази моеъ дар 100 шаҳру манотиқ сар зад. Amnesty International дар гузориши рӯзи 2 сентябраш навишт, ки мақомот бо зӯр посух доданд ва дастикам 304 эътирозгарро куштанд, чандин ҳазор нафар боздошт ва хати иртиботи интернетӣ ба хотири пешгирӣ аз берун рафтани иттилоъ қатъ шуд. Созмони ҳомии ҳуқуқ, ки мақарраш дар Лондон аст, гуфт, ки мақомоти додгустарӣ нисбати эътирозгарон бо зӯр посух дода, дар давоми чанд моҳи баъди ин боздоштҳои худсарона, нопадидшавиҳои иҷборӣ, шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати ширкатдорону тамошобинони эътирозҳо гузориш шуд. Гузориши созмон бар пояи мусоҳиба бо 60 қурбонии саркӯбҳову наздикони онҳо ва ҳам иттилои дигар анҷом шудааст.