Азим Иброҳим аз мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон барканор ва ба мақоми вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд. Азим Иброҳим ба ин мақом ба ҷои Худоёр Худоёрзода таъин шуд, ки оғози моҳи август ба беморхонае дар Душанбе бо захми корд интиқол ёфт. Баъдан гуфтанд, ки Худоёрзодаи 62-соларо гӯё қасди худкушӣ кардааст, вале худи ӯ рӯзи 19 авгуфт ба ҷуз ин ки гуфт, “табобаташ идома дорад”, ин қазияро шарҳ надод. Азим Иброҳим, ки яке аз муовинони фаъоли сарвазири Тоҷикистон буд ва ҳамзамон раҳбарии Комиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ба ӯҳда дошт ва феълан маълум нест, ки сабаби поин омадани мақоми ӯ чӣ аст.