Дар намоишҳои эътирозии Минск беш аз 100 ҳазор нафар иштирок кард

Майдони Истиқлолияти Минск, 30 август

30 август, рӯзе, ки президенти худкомаи Беларус 66-умин зодрӯзашро таҷлил мекард, даҳҳо ҳазор сокини ин кишвар дар маркази Минск бо талаби истеъфои ин раҳбари дарозумр намоиши эътирозӣ барпо карданд. Дар дасти мардум парчами мамнӯъшудаи сурху сафедранг – рамзи мухолифат ба ҳукумат буд ва бо вуҷуди ҳушдорҳои қаблии Вазорати умури дохилӣ дар бораи худдорӣ аз ҳамоиш, мардум ба самти майдони Истиқлолияти Минск ҳаракат карданд. Замоне, ки эътирозгарон ба қасри президент наздик шуданд, шиорҳои мисли “Зодрӯз муборак, Калламуш!” ва “Бирав”-ро ба забон меоварданд.

Бисёриҳо дар даст шиорҳои зиддипрезидентӣ доштанду як гурӯҳ қабри сиёҳеро ҳам бо худ оварда буд.

Ҳафтаи гузашта Лукашенко эътирозгаронро “калламуш” номид. Хабаргузории Belapan гуфт, ки дар ин намоишҳо беш аз 100 ҳазор нафар иштирок кард. Полис пеши роҳи эътирозгаронро гирифт, то ки дар манотиқи дигари шаҳр паҳн нашаванд, ВКД гуфт, 125 нафар боздошт шудааст. Вазорати дохилӣ гуфт, ки чандин мошини мусаллаҳ ба шаҳри Минск оварда шуданд, то амнияти қасри президент таҳким дода шавад. Дар паи интихоботи президентии рӯзи 9 август, ки бо пирӯзии Лукашенко анҷомид, се ҳафта инҷониб мардум эътироз мекунанд.