Аз замони эътирофи расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи мавҷудияти коронавирус чаҳор моҳ гузашт. Рӯзи 30-юми апрел ва як рӯз қабл аз омадани ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳукумати Тоҷикистон эътироф кард, ки гирифторӣ ба коронавируси навро сабт кардааст. Ҳарчанд то ин вақт ҳам ҳолатҳои зиёди марги шаҳрвандон аз бемории монанд ба COVID-19, карантин шудани беморхонаҳо расонаӣ мешуд, аммо мақомот ҳамаи онро ба "пневмония" рабт медоданд.
Бо гузашти чаҳор моҳ шикоятҳо аз гирифторӣ ба COVID-19 зиёд расонӣ мешавад, аммо мақомот мегӯянд, рӯзона камтар аз 40 ҳолати нави гирифториро сабт мекунанд.
Тоҷикистон дар охири моҳи апрел ва ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар кишвар чандин маҳдудиятҳо ҷорӣ карда буд. Аз ҷумла мактабу донишгоҳҳо баста шуда, фаъолияти бозорҳо низ манъ гардида буд. Аммо сар аз моҳи июн батадриҷ ин маҳдудиятҳо бардошта шуданд ва рӯзи 17-уми август дарс дар мактаб ва донишгоҳҳо низ дубора оғоз гардид. Ҳарчанд нигарониҳо дар бораи хатари паҳншавии беморӣ ҳамчунон зиёд аст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, давоми чаҳор моҳ 8550 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, 68 нафар ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи мақомот, беш аз 85 дарсади беморон ҳам шифо ёфтаанд.
Вале омори расмии мақомот ҳамеша баҳсҳоеро ба думбол дошт ва бисёре аз мутахассисон ба он шубҳа доштанд. Коршиносон ва фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба омори расмии мақомот бо шубҳа нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд. Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.
Созмони миллали муттаҳид дар як гузориши ахираш гуфт, Тоҷикистон ба камбуди таҷзиҳотҳои лабораторӣ рӯбарӯ аст ва ба ин хотир мумкин аст, ташхиси гирифторони COVID-19 қатъ шавад. Аммо масъулини Вазорати тандурустӣ ин интиқоди СММ-ро рад карданд.
Бархе аз мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, кишвар ҳанӯз дар моҳи май нуқтаи авҷи пандемияро паси сар кардааст. Аммо намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфта буд, ки ҳанӯз авҷи беморӣ паси сар нашудааст.