Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба зидди 20 мансабдори баландпояи Белорус таҳрим ҷорӣ карданд. Ин афродро ба тақаллуб дар интихоботи президентии 9-уми август ва саркӯби эътирозгарон дар Белорус муттаҳам медонанд.
Тасмим рӯзи 28-уми август дар нишасти Берлин гирифта шуд.
Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, агар нақзи ҳуқуқи башар дар Белорус поён наёбад, номи раиси ҷумҳур Александр Лукашенкоро ба ин феҳрист ворид хоҳанд кард.
Аз тарафи дигар, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо рӯзи ҷумъа гуфт, омодааст, барои созиши байни ҳукумати Лукашенко ва норозиён миёнравӣ кунад.
Дар интихоботи президентии 9-уми август, ба гуфтаи мақомот, Александр Лукашенко бештар аз 80 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда, номзади мухолифон Светлана Тихановскаяро шикаст додааст.
Мухолифон натиҷаро намепазиранд ва истеъфои Лукашенкоро талаб доранд. Онҳо мегӯянд, дар шумориши раъйи мардум тақаллуб сурат гирифтааст.