Мудири иҷроияи шабакаи иҷтимоии TikTok Кевин Майер тасмим гирифт, ки тарки мақом кунад. Ин тасмим дар пайи фишорҳои Амрико ба молики чинии шабака сурат мегирад.
Иёлоти Муттаҳида талаб дорад, ки шабакаи иҷтимоии TikTok фурӯхта шавад. Кохи Сафед ба ин назар аст, ки TikTok ба амният, сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди Амрико хатар дорад.
Мудири иҷроияи TikTok гуфт, вай ба далели "баякборагӣ иваз шудани вазъи сиёсӣ" чунин тасмим гирифтааст. Айни замон Ванесса Паппас мудири муваққати иҷроия таъйин шудааст.
Ибтидои моҳи август Доналд Трамп, президенти Амрико ба ширкатҳои амрикоӣ, ки бо TikTok ҳамкорӣ доранд, 45 рӯз муҳлат дод, то шартномаҳоро бо TikTok бекор кунанд.
Трамп гуфт, TikTok танҳо дар сурате метавонад дар Амрико монад, ки агар давоми 90 рӯз ба ширкатҳои амрикоӣ фурӯхта шавад.
TikTok соли 2017 таъсис шуд. Дар ин шабака асосан наворҳои кӯтоҳ нашр мешавад ва корбаронаш ҳам асосан наврасон ҳастанд. Шабакаи мазкур ба далели нашр кардани наворҳои мароқангез ва корбарии содааш машҳур шуда, дар саросари дунё садҳо миллион корбар дорад.
Аммо моли чиниҳо будани ин шабака Амрикоро нигарон кардааст. Дар Амрико ба ин назаранд, ки шабака метавонад, сензура ҷорӣ кунад ё ба иттилои шахсии корбарони амрикоӣ даст ёбад.