Вазирони умури хориҷии ИА таҳримҳо ба зидди Белорусро баррасӣ мекунанд

Нирӯҳои ОМОН яке аз эътирозгаронро дар Минск боздошт мекунанд. 26-уми августи 20920

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо барои оғози гуфтугӯҳои ғайрирасмӣ дар Берлин омодагӣ мегиранд. Интизор меравад, онҳо рӯзҳои 27 ва 28-уми август эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳо ба зидди ҳукумати Белорусро баҳс кунанд. Ин иқдом дар пайванд ба интихоботи раёсати ҷумҳури ҷанҷолбарангез ва саркӯби эътирозҳои сулҳомез дар Белорус сурат мегирад. Гузориш шудааст, ки Иттиҳодияи Аврупо пешопеш дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳо ба зидди аз 15 то 20 кас тавофуқ кардааст. Ин афрод ба даст доштан дар тақаллуби интихоботӣ ё саркӯби эътирозҳо муттаҳаманд. Эътирозҳои густарда пас аз он дар Белорус оғоз шуд, ки Кумисюни марказии интихобот Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури ин кишварро баранда эълон кард. Интихобот рӯзи 9-уми август баргузор шуд. Мухолифон натиҷаи интихоботро напазируфтанд ва хостори истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи нав ҳастанд.