Мақомоти Белорус чанде дигар аз созмондиҳандагони тазоҳуротро дастгир ва теъдоде дигареро барои бозпурсӣ ба идораҳои тафтишотӣ даъват кардаанд. Айни замон вазорати дифо эълон кард, баъзе аз воҳидҳои низомӣ ба ҳолати омодабоши комил даромаданд ва сарбозони эҳтиётӣ низ ба артиш даъват шудаанд.
Амалкардҳои ахири ҳукумати Белорусро аломати дигаре аз он медонанд, ки раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ҳеҷ азми рафтан аз қудратро надорад. Ӯ, ки бештар аз 25 сол боз раиси ҷумҳур аст, ба хашми ҷомеа дучор омадааст. Рӯзи 23-уми август камаш 100 ҳазор нафар дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус ҷамъ омада ва ба зидди Александр Лукашенко эътироз карданд.
Светлана Алексиевич, нависандаи 72-сола ва барандаи ҷоизаи Нобелро, ки узви Шӯрои ҳамоҳангсози Светлана Тихановская рақиби Лукашенкоро барои бозпурсӣ даъват кардаанд. Светлана Тихановская, ки дар Литва аст, мегӯяд, дар интихобот тақаллуб шудааст. Светлана Алексиевичро рӯзи 26-уми август ба Кумитаи тафтишотии Белорус даъват кардаанд, то ба ҳайси шоҳид дар парвандаи ҳафт узви раёсати Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат баёнот бидиҳад.
Мақомоти Белорус рӯзи 24-уми август ду узви дигари шӯрои мазкурро дар назди Корхонаи тракторсозии Минск дастгир карданд. Як узви дигари шӯро барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишотӣ даъват шудааст.