Нисбат ба панҷ сокини ноҳияи Сӯхи Узбекистон, ки дар низои байни деҳаҳои наздимарзии Узбекистону Қирғизистон рӯзи 31 майи соли ҷорӣ ширкат доштанд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, дар ҷараёни тафтишот ҳамаи онҳо дар ҳабс боқӣ мемонанд.
Сокинони ноҳияи Сӯх гуфтанд, ки мақомот рӯзҳои 22, 23 ва 24 август дар чанд деҳаи ноҳия дар маҷмуъ 12 касро боздошт карданд.
Яке аз сокинони ноҳияи Сӯх, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳамаи боздоштшудаҳоро дар иштирок дар бетартибиҳои оммавии рӯзи 31 май айбдор мекунанд. Он рӯз байни сокинони ду деҳаи наздимарзӣ ҷанҷол сар зад.
Огоҳон мегӯяд, ҳамаи боздоштшудаҳоро дар муқобилат нишон додан ва истифодаи хушунат алайҳи намояндаи ҳукумат - раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев айбдор мекунанд. Нисбати бештари боздоштшудаҳо бо моддаи "Бетартибиҳои оммавӣ" парванда боз шудааст.
Мақомоти додситонӣ ва додгоҳии ноҳияи Сӯх боздошт ва боз шудани парвандаро нисбати сокинон тасдиқ карданд.
Ҷазирақаламрави Сӯх аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон аст. Дар ин ҷазирақаламрав тоҷикон зиндагӣ доранд. 31-уми майи соли ҷорӣ миёни сокинони деҳаи "Чашма"-и Узбекистон ва "Чечме"-и Қирғизистон низоъ бархост. Бино ба иттилои расмӣ, дар ин низоъ садҳо сокини маҳаллӣ ширкат варзидааст. Аммо шоҳидон мегӯянд, шумори ширкатдорони низоъ ба наздики чаҳор ҳазор мерасид.
Шуҳрат Ғаниев, раиси вилояти Фарғона барои ором кардани низоъ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуд, аммо сокинонро таҳдид кард, ки рафту омади онҳоро ба қаламрави Узбекистон қатъ мекунад. Баъди ин изҳорот сокинони маҳаллӣ Ғаниевро таҳқир ва сӯи вай санг ҳаво доданд.