Эрон мегӯяд, баррасии “қуттии сиёҳ”-и ҳавопаймои сарнагуншудаи украинӣ дар Теҳрон нишон додааст, ки ба тарафи ҳавопаймо ду мушак партоб шудааст. Тураҷ Деҳқонӣ Зангина, раиси Идораи ҳавонавардии мулкии Эрон, рӯзи 23-юми август гуфт, мушаки дувум баъд аз 25 сонияи мушаки аввал ва ҳангоме ки сарнишинони ҳавопаймо “зинда буданд”, ба ҳавопаймо бархӯрдааст. Эъломияи Зангина гузориши аввалини расмӣ дар мавриди муҳтавои “қуттии сиёҳ” аст, ки дар моҳи июл барои хондан ба Фаронса фиристода шуда буд. Тураҷ Деҳқонӣ Зангина гуфт, “нуздаҳ сония баъд аз бархӯрди мушаки аввал ба ҳавопаймо садои халабонҳо нишон дод, ки мусофирон зинда буданд. Баъд аз 25 сония мушаки дувум ба ҳавопаймо бархӯрд кард.” Эрон гуфтааст, дар моҳи январи имсол дар замони таниш бо Амрико ҳавопаймои Украинаро дар Теҳрон ба таври тасодуфӣ суқут додаанд. Дар ин ҳодиса 176 нафар ба ҳалокат расиданд. Аксари қурбониён шаҳрвандони Канада буданд. Қаблан Созмони ҳавопаймоии шаҳрвандии Эрон гуфта буд, сабаби фоҷиа дар иттилои иштибоҳии системаи радар ва набуди муошират дар миёни оператори дифои ҳавоӣ ва фармондеҳонаш аст.