Ду хабарнигори бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки рӯзи 21-уми август дар Беларус боздошт шуда буданд, аз ин кишвар ихроҷ шуданд.
Мақомоти Беларус ба Юлия Вишиневетская ва Андрей Кислёв, ду хабарнигори ихроҷшуда гуфтаанд, ки панҷ сол ҳаққи вуруд ба хоки Беларусро надоранд.
Мавқеи расмии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳоло нашр нашудааст.
Ин ду хабарнигор аз ҷараёни эътирозҳо дар Беларус гузориш медоданд.
Ҳазорон шаҳрванди Беларус натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август дар ин кишварро қабул надоранд ва беш аз даҳ рӯз боз эътироз мекунанд.
Дар ин интихобот Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд. Аммо эътирозгарон мегӯянд, дар интихобот тақаллуб шудааст ва онҳо Светлана Тихановскаяро пирӯз медонанд.
Мақомоти Баларус ҳазорон эътирозгарро дар чанд рӯзи ахир боздошт кардаанд. Александр Лукашенко талаби истеъфои онҳоро напазируфт.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Беларус дастраси ба сомонаи бахши белорусии Радиои Озодӣ ва беш аз чил сомонаи дигарро маҳдуд кардааст.
Ин сомонаҳо аз раванди интихобот ва эътирозҳо гузориш нашр мекарданд.