Ҳавомаймои махсус Алексей Навалний, мухолифи шинохтаи ҳукумати Русияро, ки дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад, рӯзи 22-юми август аз шаҳри Омск ба Берлини Олмон бурд.
Созмони ҷамъиятие, ки барои овардани Навалний аз Русия ба Олмон ҳавопаймо фиристода буд, эълон кард, ки “вазъи саломатии ӯ ҳангоми парвоз муътадил буд ва ҳоло ҳам муътадил аст.”
Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний низ тасдиқ кард, ки ӯ дар Берлин қарор дорад.
Қаблан, мақомоти Русия барои ба табобат бурдани Навалний ба Олмон ризоият надоданд, вале пас аз як рӯзи баҳси пайвандони ин сиёсатмадор бо мақомот ин иҷоза дода шуд.
Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русия ва мудири Бунёди мубориза бо фасод субҳи 20-уми август дар бемористони шаҳри Омск дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ шуд.
Ӯ тавассути ҳавопаймо аз Томск ба Маскав бармегашт. Дар ҳавопаймо вазъи Навалний бад шуд. Халабонҳо ҳавопайморо дар Омск фуруд оварданд. Ҳамсафони Навалний аз эҳтимол дур намедонанд, ки ӯро заҳролуд кардаанд.