ҲСДТ гуфт, ҷонибдоронаш мухолифи ширкат дар интихоботи президентӣ ҳастанд

Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҲСДТ дар мулоқот бо ҷонибдоронаш. Акс аз соли 2018

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, ҷонибдоронаш муқобили иштироки ҳизб дар интихоботи президентӣ ҳастанд. Интихобот рӯзи 11-уми октябр баргузор хоҳад шуд.

Зоиров рӯзи 21-уми август дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, 10 созмони ҲСДТ аз эҳтимоли пешбарии номзадии Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ нигаронӣ карда ва гуфтаанд, "агар номзадии ӯ пешниҳод шавад, эҳтимол дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар занад".

Бархе аз таҳлилгарон, ба монанди Раҷаби Мирзо, Абдуқаюми Қаюмзод, Абдулло Раҳнамо интиқоли қудрат аз президент Эмомалӣ Раҳмон ба писарашро нақшаи татбиқшаванда ва ҳатто оғози дигаргунию ислоҳот унвон кардаанд. Ҷонибдорони Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ "ҷавони ояндадоре" ном мебаранд, ки "метавонад зиндагии мардумро беҳтар созад".

Рустами Эмомалии 33-сола шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, ки расман нафари дувум дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Коршиносон мегӯянд, тамоюле ба назар мерасад, ки эҳтимол ӯ ҷойгузини падараш шавад.

Раҳматилло Зоиров дар изҳороташ навиштааст, ки "бархе аз аъзои ҳукумат, махсусан насли калонсоли дастгоҳи ҳукуматӣ низ ба номзад шудани Рустами Эмомалӣ норозианд".

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон ва писараш узви он ҳастанд, то кунун номзади худро барои ширкат дар интихобот маълум накардаанд. Ин ҳизб ва ҷонибдоронаш ҳанӯз ба изҳороти раҳбари ҲСДТ вокуниш накардаанд.

Зоиров мегӯяд, чунин хулоса дар пайи сафари дуҳафтаина ба шаҳру навоҳии кишвар ба даст омадааст.

Инчунин, ба гуфтаи Зоиров, ду бахши вилоятӣ, 15 созмони шаҳриву ноҳиявии ҲСДТ гуфтаанд, ки ҳизб набояд дар интихобот иштирок кунад ва 8 созмони дигари ҳизбӣ талаб кардаанд, ки интихобот ғайриқонунӣ ва бойкот шавад.

Бо ин ҳол, Зоиров гуфтааст, ки тасмими ниҳоиро то охири моҳи августи соли равон “Шӯрои сиёсии ҲСДТ хоҳад гирифт”.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон соли 1999 сабти ном шудааст ва ба гуфтаи масъулонаш, ҳоло беш аз 12 ҳазор узв дорад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон медонанд.​ Ин ҳизб дар қиболи бархе аз тасмимҳои ҳукумат изҳоротҳои тунд медиҳад. Аз ҷумла, тағйири санаи интихобот аз 6-уми ноябр ба 11-уми октябрро ин Ҳизб ғайриқонунӣ номид.

Дар Тоҷикистон пас аз истиқлоли кишвар дар соли 1992, қарор аст, шашумин интихоботи президентӣ баргузор шавад. Дар панҷ интихоботи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунуниро ғолиб эълон кардаанд. Интихоботҳое, ки созмонҳои байналмилалӣ ҳеҷ гоҳ шаффоф унвон накардаанд.