Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба ду вилоят 18 нафарро куштаанд ва 8 каси дигарро захмӣ кардаанд. Ҳамлаҳо дар вилоятҳои Тахор ва Нангарҳор рӯзи 20-уми август ба вуқуъ пайвастаанд.
Пулиси ноҳияи Хоҷа Баҳовуддин дар вилояти Тахор гуфт, ки ҷангҷӯён дар он шаб бо ҳамла ба як гуруҳи мусаллаҳи тарафдорони давлат ҳамла карда ва 13 нафарашонро куштаанд. Ба қавли мақомоти амниятӣ, баъди ба кӯмаки ин гуруҳ шитофтани сарбозон яке аз онҳо кушта ва ду тани дигарашон захмӣ шудаанд. Хадамоти ҷосусии Афғонистон ба баъзе аз гуруҳҳои мусаллаҳ дар рустоҳои дурдаст кумак мекунад, то ба зидди Толибон мубориза баранд.
Мақомот дар вилояти Нангарҳор дар марзи Покистон гуфтанд, ки ҷангҷӯён бо ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ чаҳор афсарро куштаанд ва ду нафари дигарашонро маҷруҳ кардаанд. Ҳамлаҳо дар ҳолест, ки раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз Толибон хост, созиши оташбаси доимиро бипазиранд ва музокироти мустақими сулҳро бо ҳукумат оғоз кунанд.