Табибони рус мегӯянд, вазъи сиҳатии Алексей Навалний, пешвои мухолифон иҷоза намедиҳад, ӯ аз бемористони шаҳри Омск ба ҷойи дигар баранд. Навалнийро, ки ба гуфтаи тарафдоронаш заҳролуд шудааст, дар Шифохонаи ёрии таъҷилии рақами 1 дар Омск муолиҷа мекунанд.
Александр Мураховский, сартабиби шифохона рӯзи 21-уми август гуфт, ки вазъи сиҳатии Алексей Навалний андаке беҳтар шудааст, вале мӯътадил нест ва дар сурати ҳаракат додани ӯ, хатар ба ҷонаш зиёд мешавад.
Кира Ярмиш, сухангӯи Алексей Навалний гуфт, ки баръакс иҷоза надодани табибон барои муолиҷа дар ҷойи дигар, “таҳдиди мустақим ба ҷони ӯ аст”. Кира Ярмиш дар Твиттер навишт, “Мондан дар шифохонаи Омск бе ягон таҷҳизот ва ташхис марговар аст”.
Табибон то кунун нагуфтаанд, ки Алексей Навалний чӣ гуна бемор аст, вале атрофиёнаш мегӯянд, ки ӯро барои фаъолиятҳои сиёсиаш заҳролуд кардаанд. Пештар аз эълони табибони Русия, як ҳавопаймои тиббии Олмон бо гуруҳе аз табибон дар шаҳри Омск фуруд омад, то Навалнийро барои муолиҷа баранд. Ӯ айни замон дар кома ва зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ аст. Навалнийро бояд барои муолиҷа ба шифохонаи Харите дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон муолиҷа мекарданд.