Ҳамла ба кормандони роҳи оҳани Узбекистон дар Мазори Шарифи Афғонистон

Пули Ҳайратон дар марзи Афғонистон бо Узбекистон

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 20 август ба кормандони роҳи оҳани Узбекистон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон яке аз кормандон ҷароҳати вазнин бардошт.

Корманди маҷруҳро ба бемохонаи шаҳри Термизи Узбекистон интиқол додаанд. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳамла як сарбози афғон кушта ва як тани дигар маҷруҳ шудааст. Масъулияти ин ҳамларо ҳеч гуруҳе ба зима нагирифтааст.

Мақомоти Афғонистон ҳамлагаронро ҷустуҷӯ доранд.