Раҳмон гуфт, 53 сокини Ванҷ ба гуруҳҳои тундрав пайвастаанд

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар дар Бадахшон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар шаш соли гузашта 53 сокини ноҳияи Ванҷ ба сафи гуруҳҳои террористиву тундрав ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Ӯ рӯзи 20-уми август ҳангоми суханронӣ дар ҳузури сокинони ноҳия гуфт, “3 нафари онҳо зан ҳастанд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот ҳамчунин гуфт, 12 нафарро дастгир карда, ба Тоҷикистон баргардондаанд ва, қарор аст, 8 нафари онҳо дар ояндаи наздик муҳокима шаванд.

Президент Раҳмон ду рӯз боз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад. Баъд аз зуҳури гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар соли 2013 ва оғози ҷанги онҳо дар Ироқу Сурия, ба иттилои расмӣ, бештар аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ду кишвар рафтаанд ва бисёре ҳам ба сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Садҳо нафарашон низ дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Муҳаққиқони ифротгароӣ мегӯянд, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, ноумедӣ аз оянда, сатҳи пасти дониши диниву дунёвӣ ва нақзи ҳуқуқи динӣ дар Тоҷикистон аз сабабҳои пайвастани ин афрод ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ аст.

Суҳбати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сокинони Ванҷ дар бораи афзоиши ифротгароӣ дар ҳолест, ки рӯзи 12-уми август даҳҳо ҷавон аз маъракаи, ба гуфтаи онҳо, “риштарошон” дар ноҳия эътироз карданд.

Мақомоти ноҳияи Ванҷ чанд рӯз пеш аз сафари президент тасдиқ карданд, ки бо гуруҳе аз ҷавонон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" гузарондаанд. Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ, гуфт, мақомот сабаби норозигии ҷавононро низ таҳқиқ мекунанд.

Масъала баъд аз он доғ шуд, ки дар оғози моҳи август Фурқат Ҳукуматов, раиси бахши ҷавонони Ванҷ дар як навори видеоӣ гуфт, бисёре аз ҷавонони Ванҷ “риши худро тарошида, симои ҷавонӣ, яъне симои зоҳирии худашонро дубора эҳё карданд”.

Баъд аз он рӯзи 12-уми август гуруҳи ҷавонон дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омада, ин маъракаро маҷбурӣ номиданд. Сокинони ноҳияи Ванҷ мегӯянд, ҳоло 6 нафар аз иштирокдорони эътироз пайваста ба идораҳои мақомоти интизомӣ даъват мешаванд ва эҳтимол нисбат ба онҳо парванда боз шавад.