Амрико гуфтааст, ба ин ду нафар ҳукми қатл намедиҳад

Александа Коти ва Шафӣ Ал-Шайх

Вазорати адлияи Амрико ба ҳукумати Амрико нома фиристода ва гуфтааст, дар сурати муҳокимаи ду узви ДОИШ дар қаламраваш онҳоро ба қатл маҳкум накунад. Ин ду нафар ба ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла сар буридани гаравгонони ғарбӣ муттаҳам мешаванд.

Номаи расмии Амрико монеаи эҳтимолӣ барои муҳокимаи ин ду нафар дар қаламрави Иёлоти Муттаҳидаро аз байн мебардорад. Шафӣ ал-Шайх ва Александа Коти узви гуруҳи ба ном “Битлз”, як ҳалқаи гуруҳи Давлати исломӣ будаанд.

Онҳо ба шиканҷаву қатл ва сар буридани зиндониён дар Сурия, аз ҷумла шаҳрвандони Амрико ва Бритониё муттаҳам мешаванд. Ваъдаи Амрико барои қатл маҳкум накардани ду нафар имкон медиҳад, додситонҳои Бритониё маълумоту далел дар бораи ду нафарро ба додситонҳои амрикоӣ бидиҳанд.

Азбаски дар Бритониё ҳукми қатлро аз байн бардоштаанд, додгоҳи Бритониё ба мақомот иҷоза надод, ки маълумот дар бораи муттаҳамонро ба додситонҳои Амрико бидиҳанд.