Помпео Созмони Милалро аз бозгардонидани таҳримот огаҳ мекунад

Майк Помпео

Майк Помпео вазири умури хориҷӣ рӯзи 20-уми август Шӯрои Амнияти Созмони Миллалро расман огаҳ мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ҷараёни бозгардонидани таҳримоти Созмони Милал ба зидди Эронро оғоз кунад. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, баъди 30 рӯзи номаи расмӣ ба Созмони Милал “силсилаи таҳримоти Созмони Милал барқарор карда хоҳанд шуд.”

Таҳримоти мазкур тамдиди таҳримоти харидуфурӯши аслиҳа ба зидди Эронро дар бар мегирад. Сафари Майк Помпео ба қароргоҳҳои Созмони Милал интизор мерафт, чун ҳафтаи гузашта Шӯрои Амният қатъномаи Амрико барои тамдиди таҳримоти харидифурӯши аслиҳа ба зидди Эронро рад кард.

Майк Помпео, дар мусоҳиба бо телевизиони Фокс Нюс дар рӯзи 19-уми август изҳори боварӣ кард, ки механизми бозгардонидани таҳримоти Созмони Милал ба зидди Эрон фаъол карда мешавад. Ӯ гуфт, агар Чину Русия монеи барқарор кардани таҳримот ба зидди Эрон шаванд, Иёлоти Муттаҳида ба зидди онҳо таҳрим эъмол мекунад.

Ҳафтаи гузашта танҳо дар Шӯрои Амният танҳо Ҷумҳурии Доминикан ба Амрико пайваст ва ба тарафдории тамдиди таҳримоти хариду фурӯши аслиҳа ба зидди Эрон раъй дод. Русияву Чин мухолиф ва кишварҳои аврупоӣ раъйи мумтанеъ доданд. Интизор меравад, мухолифат ба амалкардҳои Амрико бештар шавад.