Раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфт, гузориши ниҳоии Кумитаи иттилоотии Сенати Амрико доир ба дахолати Русия ба интихоботи соли 2016 нишон дод, ки ӯ ҳеҷ ҳамдастие бо Русия ва ё Украина надоштааст. Ӯ рӯзи 18-уми август дар шаҳри Юма дар иёлати Аризона гуфт, ҳарчанд гузоришро нахондааст, вале он як “фиреб” номид.
Доналд Трамп, ки аксаран таҳқиқот дар бораи дахолати Русияро “фиреб” хондааст гуфт, “Ончӣ ки ман медонам, ин аст, ки ман ҳеҷ чизе бо Русия ва Украина надорам ва онро баланду возеҳ дар гузориш гуфта шудааст.” Ситоди интихоботии Доналд Трамп низ гуфт, гузориш далели он аст, ки ситоди пешинаи интихоботии Доналд Трамп ҳеҷ бо Русия ҳеҷ ҳамдастӣ надоштааст.
Дар гузориши кумита, тасвир шудааст, ки чӣ гуна Русия талош кардааст, барои ба нафъи Трамп анҷом ёфтани натиҷаҳо дар интихоботи соли 2016 дар Амрико мудохила кунад. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки раиси ситоди интихоботии Трамп бо як маъмури иттилоотии Русия иртибот доштааст ва дигар шарикони Трамп ҳам майли гирифтани кумак аз Русия доштаанд.
Дар гузориш омадааст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастур додааст, ки ба шабакаҳои Ҳизби демократи Амрико рахна кунанд ва иттилооти зиёновар барои маъракаи интихоботии Ҳилларӣ Клинтонро нашр намоянд.