Тазоҳурот дар Беларус ба зидди Лукашенко идома кард

Тазоҳурот дар назди як боздоштгоҳи шаҳри Минск дар рӯзи 17-уми август.

Рӯзи 17-уми август ҳазорон нафар дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус ҷамъ омада ва тазоҳурот ба зидди раиси ҷумҳур Александр Лукашенкоро идома доданд. Худи ӯ рӯзе пештар гуфт, ки дар сурати ислоҳи Қонуни асосӣ имкони баргузор кардани интихоботи нав ҳаст. Тазоҳургарон парчамҳои сурху сафеди мухолифонро дар даст доштанд ва аз Лукашенко мехостанд, ки истеъфо бидиҳад.

Раҳбари 65-солаи Беларус, ки ҳангоми суханронӣ дар як корхонаи давлатӣ ба эътирози коргарон рӯ ба рӯ шуд, гуфт, ки имкони ислоҳи Конститутсия ва тақсими салоҳиятҳои раиси ҷумҳур вуҷуд дорад. Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ Лукашенко дар раъйдиҳии рӯзи 9-уми август бештар аз 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Аммо баъди эълони натиҷаҳо мардум интихоботро тақаллубӣ номида ба тазоҳурот баромаданд.

Рӯзи 17-уми август тазоҳургарон ҳамчунин ба самти ду боздоштгоҳе дар Минск раҳпаймоӣ карданд, ки тазоҳургарони дастгиршударо нигаҳ медоранд ва хостанд, ҳамаи онҳо озод карда шаванд. Аз замони оғози тазоҳурот маъмурони пулис ҳазорон нафарро дастгир карданд, ду нафар кушта шуданд. Онҳое, ки раҳо шуданд, доир ба латукӯбҳои бераҳмона ва шароити бади боздоштгоҳҳо шикоят кардаанд.

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо барои баррасии вазъи Белорус рӯхи 19-уми август як ҷаласаи онлайнӣ баргузор мекунанд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз натиҷаҳои интихобот ва истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди тазоҳургарон, боздоштҳо ва бадрафторӣ аз тарафи маъмурони амниятӣ изҳори нигаронӣ кард.