Намояндаи расмии Вазорати тандурустии Қазоқистон Бағдод Хоҷаҳмадов шарҳ дод, ки чаро ниҳоди онҳо тасмим дорад, танҳо 11,5 дарсади аҳолии он кишварро бо ваксинаи коронавирус ройгон таъмин кунад.
"Гуруҳи осебпазири аҳолӣ вуҷуд дорад. 2 миллиону 182 ҳазор нафаранд. Инҳо одамони аз 65-сола боло ва онҳое мебошанд, ки бемориҳои музмин, аз қабили бемории қанд, қалб ва роҳҳои нафас доранд. Қоидаҳои муайяни иҷтимоӣ ва қонунҳо мавҷуд аст. Одами солим бояд худашро, аз ҷумла бо ваксина таъмин кунад", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи вай, Қазоқистон шомили барномаи Covax Facility шудааст, ки кишварҳои узви он барои панҷяки аҳолияшон ваксина дарёфт хоҳанд кард. Барои хариди ваксина бидуни назардошти харҷи ҳамлу нақл 18 миллиард танга (ҳудуди 43 миллион доллар) зарур аст.
Бино ба ҳисоби Эътилофи ҷаҳонии эмкунӣ (GAVI), арзиши як воя (доза) аз 10 то 20 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар баъзе аз кишварҳо эмкунии сокинон зидди коронавирус ройгон хоҳад буд. Вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА гуфт, амрикоиҳо ваксинаи зидди коронавирусро ройгон дарёфт мекунанд.