Эълони омори нав дар бораи беморони COVID-19 дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторони коронавируси навро дар Тоҷикистон эълон кард. Бино ба он, бемории COVID-19 аз 30-юми апрел то 17-уми август ба 8099 нафар сироят кардааст. Дар як шабонарӯзи ахир 34 мавриди нави беморӣ тасдиқ шудааст. Мақомоти вазорат мегӯянд, 6897 кас ё 85,1 дарсади беморон шифо ёфта, 64 нафар фавтиданд. Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 22-юми июл номи беш аз 440 нафарро навиштаанд. Аз он замон то кунун ба ин феҳраст ҳеч ном ворид нашудааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар муътадил аст ва дар 85 бемористон зиёда аз 7500 пизишк ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои муқобила бо вируси нав омодаанд. Теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон беш аз 21 миллиону 760 ҳазор ҳисоб шудааст. Коронавируси нав то ҳол зиёда аз 776 ҳазор нафарро дар ҷаҳон куштааст. Беш аз 13 миллиону 740 ҳазор кас табобат ёфтаанд.