Иртиботи телефонӣ байни Исроилу Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барқарор шуд

Бо ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил, иртиботи телефонӣ байни ду кишвар аз рӯзи 16-уми август ба кор даромад. Дар гузашта ҳангоми занг задан ба Исроил, паёме бо забони арабӣ ва ё англисӣ садо медод, ки зангҳои телефонӣ ба Исроил васл карда намешаванд.

Ҳарчанд мардум аз тариқи Интернет ва бо роҳҳои гуногун ба Исроил занг мезаданд, вале он ҳам зуд қатъ мешуд. Ба кор андохтани иртиботи телефонӣ байни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил аввалин қадами мушаххас дар иҷрои созиши байни ду кишвар аст.

Исроилу Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 13-уми август гуфтанд, ки бо миёнҷигарии Амрико муносибатҳои комили дипломатиро ба роҳ монданд ва дар ҷавоб ба ин Исроил аз ғасби ҷанҷолбарангези заминҳои Канораи Ғарби рӯди Урдун даст мекашад, ки фаластиниҳо онро замини худ медонанд.