Чор узви як хонавода дар рӯдхонае дар ноҳияи Айнӣ ғарқ шудаанд

Рудхонае дар ноҳияи Айнӣ. Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки чор сокини деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убури рудхонаи Искандар бо заврақи худсохт ғарқ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 14-уми август дар мавзеи Куруни Сиёҳи ин ноҳия рӯх додааст ва ин чор нафар аъзои як хонавода будаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда заврақ аз беэҳтиётӣ чаппа шудааст ва марди 61 сола бо келини 33 солаю набераи ду сола ба коми дарё рафтаанд.

Дастаи зудамали Кумита ҷасади ғарқшудагонро ҷустуҷӯ дорад ва то ҳол ҳеҷ нишоне пайдо накардаанд.

Ба иттилои расмӣ, дар ним соли гузашта 34 нафар дар дарёву кӯлҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки бештари онҳо аз 17 то 35 сол доштанд.