Наздикон: Се писари Саид Қиёмиддини Ғозӣ боздошт шуданд

Саид Қиёмиддини Ғозӣ соли гузашта дар ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд

Наздикони рӯҳонӣ ва аз чеҳраҳои шинохтаи ҷанги дохилии Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки соли гузашта дар ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд, мегӯянд, мақомоти интизомӣ якбора се писари ӯро дастгир кардаанд.

Мақомот дар бораи боздошту иттиҳоми бародарон расман чизе нагуфтаанд, вале ба қавли наздикон, Саидмуҳаммади 44-сола рӯзи 17-уми июл, Саидҳасани 33-сола ва Саидмуҳаммадии 25-сола рӯзи 19-уми июли имсол боздошт шудаанд.

Ду писари дигари хонавода – Саидҳусейни Ғозӣ ва Саидяҳёи Ғозиро пас аз як ҳафтаи бозпурсӣ раҳо кардаанд.

Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "барои фарзандон ба боздоштгоҳ хӯроку дору мебарем, вале дар бораи қазияи онҳо чизе намедонем. Мақомот моро низ даъват карда, дар бораи ҷойи зист ва шумораи телефонҳоямон пурсиданд. Мо ҷавоб додем. Аммо вақте пурсидем, ки писарон чӣ айб доранд, гуфтанд, ки ҳоло мефаҳмед."

Талошҳои мо барои маълум кардани иттиҳомҳо ба зидди писарони Саид Қиёмиддини Ғозӣ то ин дам бенатиҷа буд. Як намояндаи мақомоти интизомии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, "аллакай нисбат ба онҳо айб эълон шудааст", вале нахост ҷузъиётро ошкор кунад.

Ин ҳафта барои ҳимоят аз ҳуқуқи писарони боздоштшудаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ вакили мудофеъ гирифтаанд, вале ба қавли наздикон, "ӯ ҳанӯз барои мулоқот вориди СИЗО нашудааст".

Саид Қиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шуд. Ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум карданд ва дар ошӯби тобистони соли гузашта дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Ӯ ар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони "Шаҳидон" буд. Пас аз шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.

Бо имзои Созишномаи сулҳ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хизматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.