Ҳукумати Афғонистон рӯзи 14-уми август гуфт, ки ба озод кардани 400 ҷангҷӯйи дигари Толибон аз маҳбас оғоз кардааст. Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дар Твиттер навишт, рӯзи 13-уми август 80 зиндонии Толибон озод шуд. Ниҳоди амниятӣ мегӯяд, озодии зиндониён талошҳоро барои гуфтугӯйи мустақими Кобулу Толибон ва оташбаси пойдор метезонад. Бар асоси созише, ки Амрикову Толибон моҳи феврал имзо карданд, ҳукумати Афғонистон бояд 5 ҳазор зиндонии Толибонро озод кунад. Дар моҳҳои гузашта 4600 зиндониро раҳо карда буданд, вале раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфт, азбаски 400 нафари боқимонда барои ҷиноятҳои сахт паси панҷара рафтаанд, ҳаққи раҳоии онҳо дар ихтиёри Лоя Ҷирга аст. Лоя Ҷирга рӯзи 9-уми август ба раҳоии ҷангҷӯёни Толибон розӣ шуд. Ин афрод бо гуноҳи ҳамла маргбор ба афғонҳо ва хориҷиён маҳкум шуда буданд.