Арзёбии барандаи ҷоизаи Нобел дар бораи он чи дар Беларус мегузарад

Светлана Алексиевич

Светлана Алексиевич, нависанда ва барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт аз Беларус хушунати пулис дар баробари эътирозгаронро дар ин кишвар сахт танқид кард. Ӯ дар суҳбат бо бахши беларусии Радиои Озодӣ гуфт: “Ба назари ман, мақомот алайҳи мардуми худ эълони ҷанг кардаанд. Ман дида метавонам, ки чӣ гуна дар баробари чашми мо ҷомеа дар ҳоли радикал шудан аст, ба хотири он ки ҳеч кас ҳатто рафтори нерӯҳои пулиси вижаи зидди ошӯбро тасаввур карда наметавонист.” Баъд аз интихоботи 9-уми авугст дар Беларус, ки ба қавли масъулони Кумисюни марказии интихобот бо пирӯзии Александр Лукашенко анҷом шуд, норозиён гирдиҳамоӣ баргузор мекунанд. Мухолифони сиёсӣ мегӯянд, дар интихобот тақаллуб шудааст, то ҳукумати 26-солаи Александр Лукашенко ҳифз шавад. Аз замони оғози эътирозҳо дар Беларус 2 норозӣ ҷон бохтаанд ва ҳудуди 6700 кас дастгир шудаанд.