Дар Минск тазоҳурот ба зидди Александр Лукашенко идома ёфт

Эътироз дар рӯзи 13-уми август дар шаҳри Минск

Бо вуҷуди саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон дар Ҷумҳурии Белорус рӯзи чаҳорум аст, ки ҳазорон нафар ба нишони эътироз ба зидди раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ба кӯчаҳо мебароянд. Рӯзи 12-уми август ҳазорон нафар дар Минск ва дигар шаҳрҳои Беларус ба кӯчаҳо баромаданд ва аз натиҷаҳои интихоботе, ки дар он Александр Лукашенко пирӯз эълон шуд, эътироз карданд. Лукашенко 26 сол боз раҳбари Беларус аст.

Мақомоти интизомӣ ба мардум таҳдид кардаанд, ки дар сурати тазоҳурот латукӯб ва ё боздошт мешаванд. Мақомот рӯзи 12-уми август эътироф карданд, ки ба зидди тазоҳургарон аз аслиҳа истифода бурдаанд. То кунун дар ҷараёни эътирозҳо ду нафар ҳалок шудаанд. Дар чанде аз гӯшаҳои Минск садҳо нафар саф кашида ва мошинҳо бо суст кардани суръат монеи ҳаракати мошинҳои пулис шуданд.

Айни тазоҳурот дар дигар шаҳрҳои Беларус сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти расмии Беларус баъди интихоботи рӯзи 9-уми август ва шуруи эътирозҳо то кунун 6 ҳазор нафар дастгир ва садҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ба гуфтаи Кумиссиёни Марказии Интихоботӣ Александр Лукашенко 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст ва рақиби аслии ӯ Светлана Тихановская камтар аз 10 дар сади ороро соҳиб шудааст.