Дар Тоҷикистон шеваи пешниҳоди эъломияи даромад ё дороиҳои мансабдоронро тағйир доданд. Агар дар шакли пешинаи декларатсия мансабдорон танҳо дар бораи маошу даромад, хона ва мошини худ хабар медоданд, дар эъломияи нав даромад аз кори илмиву эҷодӣ, омӯзгорӣ, амволи ба иҷора додаашон ва замин, пасандозҳо ва коғазҳои қиматноки худро зикр мекунанд. Инчунин, мансабдорон бояд чорвову паранда, металу санги қиматбаҳоро ҳам нависанд. Эъломияи андозро мансабдорони тоҷик ҳар сол бояд то якуми апрел дар сохторҳои андоз супоранд. Тибқи қонунҳои кишвар, ҳар касе, ки аз супурдани ин санад саркашӣ мекунад, аз кор ронда мешавад. Кодекси андози Тоҷикистон расонаӣ кардани эъломияи мансабдоронро манъ мекунад. Нашри он танҳо бо розигии худи мансабдор имкон дорад. Ин дар ҳолест, ки дар баъзе аз кишварҳо ба хотири шаффофият ва мубориза бо коррупсия дастрасӣ ба эъломияи мансабдорон озод аст. Пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 ба ин тараф амал мекунад.