Дар Беларус чоршанбе низ эътирозҳои худҷӯш идома ёфтанд.
Эътирозҳо дар ин кишвар 9 август, баъди эъломи натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ оғоз шуданд. Иштирокдорони эътирозҳо мегӯянд, мақомот бо сохтакорӣ дар интихобот Александр Лукашенкоро дубора баранда эълом карданд. Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Беларус, Лукашенко беш аз 80 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст.
Эътирозгарон дар назди истгоҳи "Петровшина" барои чанд дақиқа ба роҳи мошингард баромада, дар минтақаи маъруф ба "Макдоналдс" онро бастанд. Неруҳои таъиноти махсус чанд бор ба он минтақа рафта, эътирозгаронро пароканда карданд, вале мардум дубора ҷамъ шуданд.
Бино ба иттилои бахши беларусии Радиои Озодӣ, дар шаҳри Гомели Беларус як ҷавони 25-сола ҷон бохтааст. Ӯ дар беморхона, ки 9 август маъмурони пулис интиқол дода буданд, ба ҳалокат расидааст. Модари ҷавон дар суҳбат бо бахши беларусии Радиои Озодӣ гуфт, писараш аз дарди қалб ранҷ мебурд ва дар эътирозҳо иштирок надошт.
Дар бештари шаҳрҳои Беларус эътирозҳои се рӯзи пешин бо саркуби сахт ва боздошти иштирокдорон анҷомиданд. Барои пароканда кардани ҷамъшудаҳо аз тирҳои резинӣ, мошинҳои обпош ва норинҷакҳои садоӣ истифода шуд.
Вазорати умури дохилии Беларус рӯзи чоршанбе бори нахуст эътироф кард, ки дар шаҳри Брест зидди тазоҳургарон аз силоҳ истифода шудаст.
Комиссияи марказии интихоботии Беларус дар интихоботи 9 август Александр Лукашенкоро дубора пирӯз эълом кард, ки норозигии сокинони ин кишварро ба бор оварда, боиси сар задани эътирозҳо дар шаҳрҳои он кишвар шуд.