Додгоҳи Алмато озодии фаъоли маданӣ Асия Тулесоваро маҳдуд кард

Асия Тулесова

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон субҳи чоршанбе фаъоли мадании қазоқ Асия Тулесоваро дар таҳқир кардани намояндаи давлат айбдор ва якуним сол озодияшро маҳдуд кард.

Фаъоли мадании қазоқ ҳамчунин 41 670 танга (наздики 100 доллар) ҷарима шудааст.

Вакили дифои Тулесова гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят хоҳанд бурд.

Мақомоти қазоқ Асия Тулесова​ро ба он айбдор мекунанд, ки ҳангоми боздошти иштирокдорони тазоҳуроти 6 июн дар шаҳри Алмато корманди пулисро "таҳқир" ва зиддаш "аз нерӯ истифода" кардааст. Додгоҳи Медеу 7 июл баррасии парвандаи ҷиноии Тулесоваро оғоз ва дархости вакилони дифоъ барои озод кардани ӯ аз ҳабси пешакиро рад кард.

Созмонҳои бонуфузи байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қазоқистон талаб доранд, ки Тулесоваро озод кунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ӯ беасос дастгир шудааст.