Минск мегӯяд, "ҳамоҳангсозони бетартибиҳо"-ро боздошт кард

Хабаргузории давлатии Беларус - БелТА иттилоъ дод, ки мақомоти ин кишвар "ҳамоҳангсозони бетартибиҳои оммавӣ"-ро боздошт карданд. Яке аз боздоштшудаҳо сокини шаҳри Минск буда, дар ошёнаи 17-уми меҳмонхонаи "Беларус" ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, эътирозҳоро ҳамоҳанг мекардааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ӯ се зертобеъ доштааст, ки "дар навбати худ садҳо нафари дигарро идора мекардаанд".

Вазорати умури дохилии Беларус ҳамчунин аз боздошти нафаре хабар додааст, ки ба иштирокчиёни эътирозҳо пул медодааст. Аз ҷузвдони вай "даҳҳо ҳазор доллари нақдина пайдо карданд".

Гумонбар ҳангоми боздошт ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон дода, бинии яке аз маъмуронро шикастааст.

Вазорат пештар низ иттилоъ дод, ки "ҳангомабарангезандагони бетартибиҳо", аз ҷумла ду шаҳрванди Русия -- ҳамоҳангсозони "Русияи боз" бо номи Игор Рогов ва Артём Важенковро дастгир кард. Дертар хабар дода шуд, ки зидди онҳо бо ҷурми даст доштан дар бетартибиҳо парванда боз гаштааст.

Комиссияи марказии интихоботии Беларус дар интихоботи 9 август Александр Лукашенкоро дубора пирӯз эълом кард, ки норозигии сокинони ин кишварро ба бор оварда, боиси сар задани эътирозҳо дар шаҳрҳои он кишвар шуд.