ММД Қазоқистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ 3 дарсад кам шудааст

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Руслан Даленов дар як ҷаласаи ҳукумат аз вазъи 7 моҳи иқтисодиву иҷтимоии кишвараш гузориш дод.

"Истеҳсоли маҳсулот 2,1 дарсад афзуда, хизматрасониҳо 6,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 2,9 дарсад кам шуд", - гуфт вазир. Вай ҳамзамон афзуд, ки сатҳи таваррум ё беқурбшавии пули миллӣ 7,1 дарсадро ташкил додааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар Қазоқистон савдои хориҷӣ 42,5 миллиард долларро ташкил додааст. Аз ин ҳисоб 26 миллард доллар ин содирот ва 16,5 миллиард доллар воридот будааст.

Моҳе пеш мақомоти он кишвар хабар дода буданд, ки иқтисоди Қазоқистон уфти 1,8 дарсадӣ доштааст. Таварруми солона, бино ба пешбиниҳои ҳукумати он кишвар, 11 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Интизор меравад, ки комисияи давлатӣ рӯзи панҷшанбе бекор кардани чораҳои карантинро баррасӣ кунад. Пештар аз даҳҳо соҳибкор дар саросари Қазоқистон аз ҳукумат хостанд, ки ба онҳо иҷозаи аз сар гирифтани фаъолиятро бидиҳад. Дар он кишвар аз 5 июл ба ин тараф карантини такрорӣ амал мекунад.