Теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон аз 20 миллион ҳам гузашт. Коронавируси нав то ҳол бештар аз 750 ҳазор нафарро куштааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз 5 миллиону 200 ҳазор нафар бемор шудаанд, ки зиёдтар аз ҳар кишвари дунёст. Беморӣ дар инҷо 163 ҳазор нафарро ҳалок кардааст.
Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, аз назари сироят Бразилия бо 3 миллион бемор ва Ҳинд бо бештар аз 2.2 миллион гирифтор дар мақомҳои дувуму саввум ҳастанд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то ҳол бештар аз 7800 нафар ба СOVID-19 гирифтор шудаанд ва 62 нафар фавтидаанд, ҳарчанд шубҳа доир ба омори расмӣ зиёд аст.
Бо вуҷуди идомаи бедодгарии вирус дар ҷаҳон, Тедрос Адҳаном Гебрейеусус, мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, “ҳанӯз ҳам шуълаҳои умед хомӯш нашудаанд”. Ӯ рӯзи 10-уми август ба хабарнигорон гуфт, “ҳарчанд омор баёнгари дарду ранҷи зиёдест”, ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, ки пеши роҳи пандемияро бигиранд.
Ӯ гуфт, барои ин кор ҳукуматҳо бояд чораҳои бештар биандешанд ва мардум тадбирҳои навро бипазиранд. Мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ҳатто дар кишварҳое, ки беморӣ зиёд паҳн мешавад, агар тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа амал кунад, метавонанд, онро зери назорат дароваранд.