Қирғизистон боздошти рӯзноманигори узбекистониро тасдиқ кард

Бобомурод Абдуллоев

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) боздошти Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори узбекистониро тасдиқ кард. Пештар аз ин дар бораи боздошти Абдуллоев вакили мудофеаш Тимур Қарабоев хабар дода буд.

КДАМ мегӯяд, Абдуллоев рӯзи 8-уми август боздошт шуд, дар ҳоле ки вакили мудофеаи вай гуфт, Абдуллоевро шоми 9-уми август боздошт карданд.

Боздошти рӯзноманигорро ба иҷрои Конвенсияи Минск дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои шаҳрвандӣ, хонаводагӣ ва ҷиноӣ рабт доданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Абдуллоевро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон барои содир кардани чанд ҷиноят дар пайгард қарор додаанд.

Абдуллоев дар боздоштгоҳи КДАМ нигаҳ дошта мешавад. Айни замон Додситонии кулли Қирғизистон масъалаи истирдоди ӯро ба Узбекистон баррасӣ мекунад.

Вакили мудофеи рӯзноманигор гуфт, ӯро дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт кардаанд.