Кумисюни марказии интихоботи Беларус гуфт, беш аз 50 дар сади афроди қобили рой ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтаанд ва интихоботи президентии рӯзи 9-уми август баргузоршуда аст. Дар Беларус тақрибан 7 миллион нафар ҳаққи ройдиҳӣ доранд.
Мақомҳои Беларус пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фишори худро ба мухолифону нозирони мустақили интихобот афзоиш доданд.
Нигарониҳо вуҷуд доранд, ки раиси ҷумҳури кунунӣ Александр Лукашенко, ҳукуматдории 26-солаи худро бо истифода аз тақаллубу саркӯб дар баробари мухолифон дароз кунад. Ӯ 65-сола аст ва аз соли 1994 ҷилави қудратро дар Беларус ба даст дорад.
Марказҳои ройдиҳӣ соати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллӣ кушода шуданд ва қарор аст ройдиҳӣ то соати ҳашти шаб идома ёбад. Қарор аст, натиҷаҳои муқаддамотӣ фардо эълон шавад.